Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди марзи Қирғизистону Тоҷикистон


Ба иттилои Сажера Чоколаева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, баъди ҳодисаҳои шаби 14 бар 15-уми октябр ва ташаннуҷи авзоъ дар минтақаҳои марзии ин кишвар бо Тоҷикистон, назорати марзи ду кишвар шиддат гирифтааст.

Сажера Чоколаева мегӯяд, дар ҳамин ҳол, амалиёти муштараки нерӯҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди саркӯб намудани аъзои гурӯҳи ҷиноӣ дар Ворух ба давраи ниҳоии худ нарасидааст ва ин амалиёт низ идома дорад. Сухангӯи Хадамоти марзбонии қирғиз афзуд, вале ба далели ин ки бархе аз аъзои ин гурӯҳ кушта ва бархи дигар аз тарафи мазбонони тоҷик боздошт шудаанд, имрӯз ё фардо ин амалиёт ба анҷом хоҳад расид. Сажера Чоколаева мегӯяд, афроде, ки аз тарафи марзбонони Тоҷикистон боздошт шудаанд, дар узвият ба ҷунбиши исломии Ӯзбекистон гумонбар ҳастанд.

Сухангӯи Хадамоти марзбонии қирғиз басташавии баъзе минтақаҳои марзии миёни Қирғизистон бо Тоҷикистонро таъйид накард. Ба гуфтаи ин манбаъ, фақат убуру мурури шаҳрвандони ин кишвари ҳамсоя ба хоки Қирғизистон зери назорат гирифта шудааст. Ба таъкиди Сажера Чоколаева, марзбонони кишвараш дастур гирифтаанд, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз убури аъзои боқимондаи гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор аз Тоҷикистон ба хоки Қирғизистон назорати марзро шадидтар кунанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 14 бар 15-уми октябр дар посгоҳи марзии Куктоши вилояти Ботканди Қирғизистон марзбонони ин кишвар бо як гурӯҳи мусаллаҳ вориди задухурд шудаанд. Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, баъди таъқиби аъзои ин гурӯҳ, ки аз 8 то 10 нафар тахмин мешуд, мақомоти марзбонӣ ғайр аз гурӯҳи зудамал, ба манзури таъқиб ва боздошти ҷинояткорон, чархболи низомиро низ ба ҷои ҳодиса фиристоданд. Гуфта мешавад, ки аз он тарафи марз гурӯҳи ҷиноиро марзбонони тоҷик дунбола гирифта ва дар деҳаи Ворух, ки аз чаҳор самт дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад, муҳосира намуданд.

Бар асари амалиёти муштараки нерӯҳои марзбонии қирғизу тоҷик, аз ин гурӯҳи ҷиноӣ 4 нафар кушта ва 1 нафари дигар боздошт гардиданд. Вале имкон дорад, ки боз нафарони кушташуда аз зери хоктӯдаҳои манзили паноҳбурдаи ҷинояткорон пайдо шавад.

Вазорати дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ин афрод ба эҳтимоли зиёд ба гурӯҳе шомил мешаванд, ки ба сӯи посгоҳи марзии Қирғизистон бо марзбонони ин кишвар вориди тирандозӣ шудаанд ва эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки ин афрод ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон мутааллиқанд.
XS
SM
MD
LG