Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар донишгоҳи Исломобод


Мақомоти Покистон гуфтанд, ки имрӯз ду маргталабе ба донишгоҳи Исломобод ҳамла карда дасти кам шаш нафарро кушта ва 20 тани дигарро захмӣ бар ҷой гузоштанд. Полис гуфт, ки бомбгузорон дар қаҳвахона ва сохтмони таҳсили донишҷӯён дастгоҳи таркандаро ба кор андохтанд. Покистон дар ҳафтаҳои охир шоҳиди чандин ҳамлаи маргбор шудааст, ки дар натиҷа беш аз 170 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар паи шурӯи амалиёти густардаи нирӯҳои ҳукуматӣ зидди Толибон ва ҷангиёни Ал-Қоида дар манотиқи қабиланишини Вазиристони Ҷанубӣ ҳамлаҳои ҷавобии шӯришиён дар шаҳрҳои асосии Покистон афзоиш ёфт. Артиш мегӯяд, ки шурӯъ аз рӯзи шанбеи гузашта, замони оғози даври навбатии амалиёти артиш дар Вазиристон 78 ҷангӣ ва нӯҳ сарбози артиш ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG