Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон ба истеъфо рафт


Сарвазири ҳамакнун собиқи Қирғизистон Игор Чудинов
Сарвазири ҳамакнун собиқи Қирғизистон Игор Чудинов

Ҳукумати нахуствазири Қирғизистон Игор Чудинов имрӯз ба истеъфо рафт.

Таҳаввулоти мазкур баъди он иттифоқ уфтод, ки субҳи имрӯз раисҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар бораи роҳандозии ислоҳоти густардаи маъмурӣ, аз ҷумла ихтисор шудани чанд сохтори давлатӣ эълон кард.

Боқиев аллакай истеъфои ҳукуматро пазируфтааст. Сухангӯи президент дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки дар нишасти қарибулвуқӯи ҳизби ҳокими “Оқ Ҷӯл” масъалаи интихоби кабинаи нави ҳукуматӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Чудинов соли 2007 дар паи интихоботи баҳсбарангези парлумонӣ раҳбарии ҳукуматро дар Қирғизистон ба дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG