Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев вориди Белград шуд


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев имрӯз барои баррасии қарзи як миллиарддолларии Маскав ба Сербия вориди Белград шуд. Дар хиёбонҳои ин шаҳр ҳазорҳо ходимони полис сафарбар шуда аксари кӯчаҳо бо сабабҳои тадбирҳои шадиди амниятӣ масдуд шудаанд. Нахуствазири Сербия Мирко Тсветкович гуфт, ки Русия як шарики стратегӣ аст ва Белград ӯҳдадор шудааст, ки равобитро дар оянда бо Маскав тақвият бахшад. Дар сафари дурӯзаи худ Медведев инчунин бояд дар маросими бахшида ба озодшавии хоки Сербия аз артиши нозӣ бо кӯмаки сарбозони шӯравӣ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок кунад.
XS
SM
MD
LG