Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири энержии Русия Сергей Шматко дар раъси як ҳайъати босалоҳият вориди Душанбе шуд.

Имрӯз, 20-уми октябр, дар Душанбе нишасти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мешавад ва аз мавзӯъоти муҳимме, ки дар он баррасӣ хоҳад шуд, гуфта мешавад, тарҳҳои бузурги энержии Тоҷикистон ва иштироки тиҷорати русӣ дар ин тарҳҳо мебошад. Дар анҷоми нишаст имзои як санад оид ба натоиҷи он дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, Сӯҳроб Одинаев, як масъули Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи кории Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ як рӯзи пеш 16 масъаларо баррасӣ кард ва муҳимтарини онҳо истифодаи муштарак аз нерӯи барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 мебошад. Ҷаноби Одинаев гуфт, ҷонибҳо сари 90 дарсади масоили рӯзнома ба мувофиқа расидаанд.

Имрӯз, ҳамчунин, вазири энержии Русия Сергей Шматко, бо ҳамтои тоҷикш Шералӣ Гул ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидор мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки ин нишаст дар остонаи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия сурат мегирад. Коршиносон мегӯянд, тарҳҳои энержии Тоҷикистон дар ин сафар яке аз мавзӯъҳои калидӣ мебошад.

Тафсилоти бештар аз нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Русия дертар нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG