Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори комиссиюни Русияву Тоҷикистон идома дорад


Ширкати соҳибкорони рус дар амалисозии тарҳҳои азими гидроэнергетикӣ ва дар риштаи нафту газ мавзӯи аслии гуфтугӯҳои аъзои комиссиюни муштараки байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аст, ки имрӯз дар Душанбе ҷараён дорад. Итар-Тасс бо зикри ин матлаб менависад, ки ҳайати Русияро вазири энержӣ Сергей Шматко раҳбарӣ мекунад. Як манбаъ дар дафтари нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон суръат бахшидани корҳои иктишофиро дар чаҳор кони нафту гази ин кишвар аз ҷониби ширкати воҳиди Газпром интизор доранд, то ки дар ояндаи наздик ин конҳо барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ба газ хизмат кунанд. Як масъалаи дигари мавриди баррасӣ ин таъини таърихи мушаххаси оғози иҷрои тарҳи муштарак оид ба сохтмони се нирӯгоҳи обиву барқӣ дар дарёҳои дохилиҷумҳуриявӣ мебошад, гуфтааст манбае дар ҳукумати Тоҷикистон. Эҳтимол меравад, ки дар ҷараёни ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба анҷоми сохтмони нирӯгоҳи Роғун матраҳ шавад, ки бино ба мухолифатҳои баъзе кишварҳои ҳамсоя ба дарозо кашида шудааст. “Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба фишори беруна дар заминаи мухолифатҳои сохтмони он тан нахоҳад дод ва бунёди ин нирӯгоҳи барои ҷумҳурӣ ҳаётан муҳимро, ки аз ҷониби баъзе кишварҳо аз ҳад зиёд сиёсатзада шудааст, идома хоҳад дод” – гуфтааст як манбаи баландпоя дар дафтари нахуствазири Тоҷикистон ба хабарнигори Итар-Тасс.
XS
SM
MD
LG