Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи музокираҳо бо Эрон дар Вена


Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳеҷ гоҳ аз ҳақи “қонунӣ ва ошкорои” худ барои дастёбӣ ба фанновариҳои ҳастаӣ даст нахоҳад кашид. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки дар Вена музокираи миёни мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон идома дорад. Вазири хориҷаи ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ инчунин гуфт, ки ширкати Фаронса дар гуфтугӯҳои марбут ба таъмини сӯхти ҳастаӣ барои Эрон ҳеҷ зарур нест. Вай гуфт, ки гуфтугӯҳо дар Русия ба роҳ монда шуда ИМА аллакай даъвати ширкат дар музокираҳо барои сӯхти ҳастаиро пазируфтааст.
Фаронса ҳамроҳ бо ИМА ва Русия дар нишасте ширкат мекунад, ки рӯзи душанбе дар Вена дар дафтари асосии Оҷонси нирӯи ҳастаии СММ оғоз ба кор кард. Дар ин гуфтугӯҳо ҷузъиёти пешниҳоди ирсоли ураниуми Эрон барои ғанисозӣ ба хориҷа баррасӣ мешавад. Муҳаммад Ал-Бародаӣ, раиси Оҷонси нирӯи ҳастаии СММ дар рӯзи аввали музокирот гуфт, ки сӯҳбатҳо дар Вена оғози хубе доштааст.
XS
SM
MD
LG