Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони оддии шаҳри Исфара мегӯянд, даргириҳои гурӯҳи мусаллаҳи мансуб ба ҲИУ (Ҳаракати исломии Узбакистон) бо нерӯҳои давлатӣ низоми зиндагӣ ва амнияти онҳоро халалдор карда, боиси изтироб ва нигаронии онҳо гаштааст.

Сокинони кӯчаи ба номи Колхозчӣ дар қисмати марказии Исфара, ҳозира ба номи Абдуллоев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақл карданд, ки дар шоми 18–ум ба 19–уми октябр, вақте миёни як гурӯҳи мансуб ба ҲИУ ва нерӯҳои давлатӣ задухӯрди мусаллаҳона мерафт, тӯли 4 – 5 соат имкони аз манзил берун шудан надоштанд.
«Дар хона нишаста будем, садоҳои баланди тирпарронӣ баромад, овози тирпарронии танк буд ё таркиши граната, намедонам. Сахт хавотир шудем. Низомиён аз ҳавлӣ берун шудан намемонданд. Дар хонамон набераҳо - кӯдакони хурд ва модар ҳам буданд, сахт тарсидем… » - гуфт Файзулло Мамадов, як сокини миёнсол.

Зикриддин Алимов, мӯйсафеди 90-солаи ин маҳалла, ки дар қади роҳ дучор омадам, нақл кард, ки вай аз ин ки боми хонааш аз расиши тирҳо оташ мегирад, дар бим афтод: «Ман кӯча баромаданӣ будам, ки набераам аз остинам дошт: «бобоҷон, кӯчаву бом набароед, ки тир мерасад…»


Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар шоми 18 ба 19–уми октябр дар маҳаллаи ба ҳозира ба номи Абдуллоеви шаҳри Исфара низомипӯшон ҳозир гашта, ҳавлиеро, ки ба гуфтаи онҳо, «гурӯҳи террористӣ» панаҳ бурдааст, иҳота кардаанд. Ба сокинони ҳавлиҳои наздик амр шудааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд. Дар задухӯрди миёни гурӯҳи мусаллаҳи панаҳбурда мошинҳои зиреҳпӯш ва мусалсал ба кор бурда шудааст. Манзили гурӯҳи мусаллаҳи панаҳбурда бар асари оташкушоиву даргириҳо хароб гаштааст.

Додситони шаҳри Исфара, Орифҷон Умаров, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ҷараёни ин амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ чаҳор сокини ноҳияи Исфара, ки аз қабл ба гумони фаъолият дар ҲИУ таҳти пайгард қарор доштанд, кушта, ва як нафар боздошт шудааст. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин амалиёт як милисаи аз гурӯҳи таъиноти махсус захм бардоштааст.

О. Умаров афзуд, афроди кушташуда аз соли 2006–и милодӣ ба гумони фаъолият дар ҲИУ ва даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин таҳти таъқиб қарор доштанд. Амалиёти фаврӣ барои дастгир намудани онҳо дар доираи тафтиши парвандаи Саидумар Саидов, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШКД-и шаҳри Исфара, ки дар рӯзи 18–уми сенятбр аз тири фарди номаълум кушта шуда буд, роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи додситони шаҳри Исфара, шахсияти ин нафарон муайян шуда, вале ба далели пинҳон доштани асрори тафтишотӣ аз ифшои номи онҳо худдорӣ карда мешавад. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, як нафар аз кушташудаҳо соҳиби хона, се нафари дигар аз маҳалҳои дигари Исфара мебошанд. Додситони шаҳри Исфара ҳамчунин гуфт, дар ҷараёни амалиёти вижа як нафар аз ин гурӯҳ зинда дастгир карда шудааст. Баъдан, боз хабар дода шуд, ки чаҳор нафари дигар дар деҳаи Ворух дастгир шудаанд.

Дар рӯзи 19–уми октябр, ки аз ҷои ҳодиса дидан кардам, баъд аз зӯҳр мақомот бо сокинон мулоқот намуда, онҳоро ба оромиву субот ва ҳамкорӣ бо мақомот алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша даъват мекарданд. Обид Аҳмадов, як масъули ҳукумати Исфара гуфт: «Ба назари ман, пеши роҳи фаъолияти ин хел ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъи террористӣ, мисли ҲИУ–ро он вақт гирифтан мумкин, ки сокинони ҳар маҳалла барои дар байни онҳо пайдо нашудани ин хел афрод ва ба онҳо ҳамроҳ нашудани фарзанду наздикони худ роҳ надиҳанд.»

Дар субҳи рӯзи 19–уми октябр дар шаҳри Исфара зиндагӣ ба маҷрои пешини худ давом дошт. Вале дар чеҳраи сокинон як навъ нигаронӣ ва хавотирӣ хонда мешуд. Дар ҷо–ҷои кӯчаҳо милисаҳои нигаҳбон ва низомипӯшон, гоҳе гурӯҳҳои сайёр бо мошинҳои чароғҳояшон равшан ба чашм мерасид.
«Ин хел одамон худашонро ба ҳар хел гурӯҳи террористӣ мезананду, замонаро вайрон мекунанд. Ҳозир замона нағз, озодӣ, бемалол, сарриштаи ягон кора дошта, зиндагия пеш бурдан мумкин. Ин гурӯҳҳо, ки яроқ дошта бошанд, мо дар таги яроқи онҳо чӣ хел бе хавотирӣ зиндагӣ мекунем ?! Ҷангу нооромӣ - ин бисёр кори вазнин.» - гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Абдусамӣ Ҷӯраев, як сокини Исфара.

Вай дар чаҳорбоғи шаҳри Исфара бо гурӯҳи шариконаш нишаста домино мебозид. Ба гуфтаи вай, ду–се гурӯҳ мухлисони домино ҳар рӯз дар чаҳорбоғи марказии шаҳри зебоманзари Исфара гирди мизи бозӣ ҷамъ меоянд.
«Замона тинҷӣ бошад, ободию маъмурӣ бошад, ба ҳама инсоф диҳад, овози ҷангу тири туфанг шунида нашавад, хоҳиши мо ҳамин» - дуо кард вақти хайру хуш як нафари калонсоли онҳо.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG