Пайвандҳои дастрасӣ

«Саройкамар» - пешсафи дастаҳои лигаи аввал


Бозиҳои даври 13-уми лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

"Ҷавонон"-и Турсунзода дар майдони худ бар «Панҷшер»-и Румӣ бо ҳисоби 8:4 пирӯз шуд. «Зарафшон»-и Панҷакент бозиро бо тими меҳмон – «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе бар «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. «Локомотив»-и Душанбе дар майдони худ «Ҳулбук»-и Восеъро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

«Саройкамар»-и Панҷ бидуни бозӣ соҳиби се имтиёз гардид. Зеро рақибаш – дастаи «Барқ»-и Норак ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар бозиҳои давраи дуввуми мусобиқа даст кашидааст.

Ҳоло «Саройкамар», ки аз 12 бозӣ 30 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. «Хайр» бо 27 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Ҷавонон» бо 23 имтиёз дар ҷои севум мебошанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 21-уми октябр

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар»

12

10

0

2

36-16

30

2.

«Хайр»

12

8

3

1

34-16

27

3.

«Ҷавонон»

13

7

2

4

37-25

23

4.

«Зарафшон»

13

6

3

4

23-20

21

5.

«Ҳулбук»

12

6

1

5

29-27

19

6.

«Панҷшер»

13

5

1

7

35-32

16

7.

«Рангонгаз»

13

4

2

7

15-26

14

8.

РШВСМ

12

3

2

7

12-21

11

9.

«Локомотив»

12

3

0

9

9-30

9

10.

«Барқ»

12

2

2

8

12-29

8



Беҳтарин голзанҳо: Саймурод Юнусов («Панҷшер») – 15 гол, Фозил Ҳабибов («Зарафшон») – 11 гол, Темур Ризоев («Ҷавонон») - 8 гол.

21-уми октябр бозиҳои даври 14-ум баргузор мешаванд: «Хайр» - «Саройкамар», «Рангонгаз» - «Локомотив», РШВСМ – «Зарафшон», «Ҷавонон» - «Ҳулбук». «Панҷшер» бидуни бозӣ бо «Барқ» соҳиби се имтиёз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG