Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори милиса дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе, дар боғи Дӯстии халқҳо як милиса кушта шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳи дохилии Тоҷикистон, ба сомонаи Озодӣ гуфт, рӯзи 19-уми октябр ду корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ дар боғи Дӯстии халқҳо гаштугузор карда, дар назди як дарахт мардеро дидаанд, ки нишаста маводи мухаддир истеъмол мекардааст.

Милисаҳо ба ин мард наздик шуда, аз ӯ хостаанд, то бо онҳо ба шӯъба биравад, вале дар посух диданд, ки ӯ аз кисааш таппончаи Макаровро бароварда, се бор ба ҳаво тир парронидааст.

Сержанти калони милиса Дӯстмурод Бадалов хостааст, ки таппончаро аз дасти он мард бигирад ва ӯро боздошт намояд, вале ба синааш тир хӯрда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Ҷинояткор ба «Мерседес»-и худ нишаста, ҷои ҳодисаро тарк кардааст. Дар маҳалли ҳодиса чанд тири таппончаи Макаров, маводи зардранги эҳтимолан монанд ба мухаддирот ёфт шудааст.

Аз рӯи ҳодиса парванди ҷиноӣ боз шуда, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба тадқиқ оғоз кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG