Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Карзай барномаи интихоботиашро эълон мекунад?


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико гуфтааст, вай интизор дорад, ки имрӯз, рӯзи сешанбе Ҳомид Карзай эълон хоҳад кард, ки барои ҳали бӯҳрони интихобот чӣ барномае дорад. Хонум Клинтон гуфт, вай дар бораи тасмими Карзай хабар надорад, вале хушбин аст, ки "вазъ аз роҳи дуруст пеш меравад". Дар ҳамин ҳол, дар Афғонистон Кумиссиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ эълон кардааст, ки натиҷаҳои интихобот дар 210 ҳавзаи райдиҳӣ ботил эълон шудааст. Аммо Азизуллоҳ Лудин-раиси Кумиссиюни интихоботи Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт, Кумиссиюни шикоёти интихоботӣ ба Кумиссиюни интихобот чизе нафиристодааст:

"То ҳаволии 5-и баъд аз зуҳр ҳам, ки ман пурсида будам, чизе нарасилда буд ба мо. Ба ман секретар-ҷенроли мо гуфт, ки то соати 6 маътал мемонад, агар чизе расид, телефон мекунад. Аз ин ки чизе нарасидааст, ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам".

Қарор буд кумиссиюни интихоботӣ натиҷаҳои расмии интихоботро рӯзи шанбе эълон кунад, вале он то рӯзи душанбе ба таъхир афтод. Ҳоло ваъда ба рӯзи сешанбе, яъне имрӯз гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG