Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази байнулмилалии тиҷорат ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз мекунад.

Рӯзи 22-юми октябр дар шаҳри Душанбе маросими расмии имзои санади нави тарҳе ҷиҳати ироаи ёрии фаннӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон баргузор мешавад. Лоиҳаи нав, ки ёрии фаннӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро дар назар дорад, аз ҷониби Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байнулмилалии тиҷорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон пиёда хоҳад кард.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадафи умумии ин тарҳ дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ҷаноби Камолов ба сомонаи Озодӣ гуфт, лоиҳа таваҷҷӯҳи худро ба дастгирии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар қабули як равиши стротежӣ барои рушди соҳа, беҳтар намудани вазъ ва иқтидори корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва ниҳодҳои хадамотрасони марбут ба ин соҳа ҷиҳати коркарди маҳсулот ва бозорёбӣ, ва ҳамчунин беҳбуд бахшидани зерсохтори идораи сифат равона хоҳад кард.

Ба иттилоъи Маркази байнулмилалии тиҷорат, худи ҳамон рӯз, ҳамчунин, нишасти нахустини Кумитаи назоратии лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» баргузор хоҳад шуд, ки дар он намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, бахши хусусӣ ва СЕКОву МБТ иштирок мекунанд. Кумитаи мазкур бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ва шаффофият дар кори амалигардонии он, ҳамчунин, барои замонати посухгӯ будани натиҷаҳои лоиҳа ба авлавиятҳои кишвар дар давоми фаъолияташ ташкил шудааст. Дар ин нишаст масъулони Маркази байнулмилалии тиҷорат аз Женева ва Душанбе, тарҳи навро муаррифӣ хоҳанд кард.

Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) як ниҳоди муштараки Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Созмони милал мебошад. МБТ барои рушди содироти соҳибкории хурд дар кишварҳои рӯ ба инкишоф мусоидат намуда, ба намояндагони бахши хусусӣ, ниҳодҳои дастгирии тиҷорат ва сохторҳои давлатӣ дар ҷиҳати ҳалли муваффақонаи масоили марбут ба тиҷорат ёрӣ мерасонад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG