Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, имрӯз, 20-уми октябр, интизори вокуниши раисҷумҳури Афғонистон Ҳамид Карзай ба хулосаи Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ хоҳад буд.

Комиссияи шикоятҳои интихоботии Афғонистон, ки аз ҷониби Созмони милал мусоидат мебинад, ба ин назар аст, ки Карзай панҷоҳ дарсади лозимаи раъйҳоро ба даст наовардааст. Ин хулосаи Комиссия пас аз санҷиши дубораи варақаҳои машкуки раъй бароварда шудааст, ки сеякашон қобили қабул дониста нашуданд.

Қаблан, эълон шуда буд, ки бино бар натоиҷи муқаддамотӣ Ҳамид Карзай ба осонӣ ҳадди лозимаи раъйҳоро убур карда, ва раисҷумҳур интихоб шудааст. Гуфта мешуд, ӯ 55 дарсад ва рақиби асосияш, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Абдулло Абдулло 28 дарсади раъйҳоро соҳиб шудаанд.

Ҳамакнун, хулосаи нави Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ маънои онро дорад, ки дар ин кишвар бояд даври дуввуми интихобот доир бишавад. Дар ин давр Ҳамид Карзай бо Абдулло Абдулло вориди рақобат хоҳад шуд.

Раисҷумҳури кунунии Афғонистон ба ин изҳорот ҳанӯз посухи расмӣ надодааст, вале бино бар маълумот аз Созмони милал, ӯ гуфтааст, ба Сарқонуни кишвар итоат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз манобеъи иттилоотӣ дар Кобул мегӯянд, аз ин тасмим Карзай ба ғазаб омада, ва ба ин андеша аст, ки пирӯзӣ дар интихоботро аз ӯ рабудаанд.
XS
SM
MD
LG