Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден аз Аврупо боздид мекунад


Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ боздид мекунад. Вай дар ҷараёни ин боздид барномаҳои тағирхӯрдаи нави Амрикоро дар робита бо бунёди маркази радар дар ҷумҳурии Чех ва сипари дифоъи зидди мушакӣ дар Полша баррасӣ хоҳад кард. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки ба унвони бозбинии барномаҳои даврони Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури пешини Амрико аз нақшаи сохтмони маркази радар дар Чех ва бунёди сипари зиддимушакӣ дар Полша даст бармедорад. Тони Блинкен-мушовири аршади Ҷо Байден дар умури амниятӣ гуфт, оқои Байден ҳар ду кишварро мутмаин хоҳад сохт, ки Амрико ба тааҳҳудоти дифоъи мушакиии худ содиқ хоҳад монд. Байден аз Руминия низ боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG