Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вена музокирои ҳастаӣ бо Эрон давом мекунад


Имрӯз дар Вена музокироти ҳастаии Эрон бо кишварҳои бузурги ҷаҳон идома меёбад. Муҳаммад ал Бародеӣ-раиси Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ гуфт, рӯзи аввали музокироти Вена "оғози хубе" буд. Аммо хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли ҳайатҳои ҳар ду ҷониб навиштааст, онҳо ҳангоми сӯҳбат хориҷ аз музокирот дар бораи мавзегирии худ гуфтаанд, ки дастовардҳо камтар будаанд. Интизор меравад, ки дар музокироти Вена ҷузъиёти барномаҳои Эрон дар бораи фиристодани уран барои ғанисозӣ ба хориҷ баррасӣ шавад. Қарор аст урани ғанишуда дар корхонаи тавлиди нируи барқи Эрон истифода шавад.
XS
SM
MD
LG