Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

21-23 боздиди давлатии Раҳмон аз Русия


Бино ба хабари дафтари расёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, боздиди давлатии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 21-ӯми октябр аз Русия оғоз мешавад. Тибқи барнома, ин боздид 3 рӯз давом мекунад ва дар ҷараёни он дурнамои ҳамкориҳои миёни ду кишвар баррасӣ мешавад. Дар остонаи ин боздид матбуоти Русия дар бораи коҳиши самимияти муносиботи Русияву Тоҷикистон мақолаҳо ба нашр мерасонанд ва дар зимн пули иҷораи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва ё қабули қонуни забони давлатӣ дар Тоҷистонро намунаи маҳдудияти мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Вале дар бораи ваъдахилофии Русия доир ба 2 миллиард доллар сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ҳарфе наменависанд. Қирғизистон низ бо Русия ҳамин гуна қарордод дорад ва дар ивази пойгоҳи низомии Русия дар кишвраш ин ду миллиард долларро аз Русия гирифтааст.
XS
SM
MD
LG