Пайвандҳои дастрасӣ

Бастани баъзе нуқоти марзии Қирғизистону Тоҷикистон


Марзбонони Қирғизистон иттилоъ додаанд, ки баъзе минтақаҳои марзии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон баста шудааст. Бино ба хабари манбаи мазкур, ин иқдом ба убуру мурури гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор аз хоки Тоҷикистон ба Қирғизистон иртибот доштааст. Масалан, рӯзҳои 14, 15-ӯми октябр дар посгоҳи марзии Куктоши вилояти Ботканди Қирғизистон бо як гурӯҳи мусаллаҳ задухурд рух додааст. Сипас баъд аз куштори гурӯҳи 4 нафарии афроди мусаллаҳ дар ноҳияи Исфара вазорати дихилаи Тоҷикистон хабар дод, ки ин афрод ба эҳтимоли зиёд ба гурӯҳе шомил мешаванд, ки ба сӯи посгоҳи марзии Қирғизистон тирандозӣ кардааст ва шояд ба Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон муттааллиқ бошанд.
XS
SM
MD
LG