Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: "Ҷангиён аз Ворух берун шуда буданд"


Як мақоми баландпояи Қирғизистон гуфт, ки ҷангиёни дар Исфара кушташуда эҳтимолан бахше аз ҳамон гурӯҳи ҷангиёни мусаллаҳе буданд, ки ҳафтаи гузашта вориди хоки ин кишвар шуданд. Расулбердӣ Раҳимбердиев, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

“Нирӯҳои амниятии Тоҷикистон ҷангиёнро аз деҳаи Ворухи Исфара, ки дар қаламрави вилояти Ботканти Қирғизистон ҷойгир аст, берун карданд. Дирӯз онҳо ҷангиёнро дар хонае дар шаҳри Исфара муҳосира карданд. Онҳо як нафарро зинда дастгир карда чаҳор нафарро боздошт намуданд. Онҳо автомату силоҳ ва муҳимоти зиёди дигари ҷангиро пайдо карданд. Эҳтимолан ин афрод дар андешаи як амалиёти калонтаре дар он ҷо буданд”.

Мақомоти Тоҷикистон имрӯз хабари дар пайи як даргирии мусаллаҳона дар маркази ноҳияи Исфара кушта шудани чаҳор муттаҳам дар узвияти Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва боздошти як нафари дигарро таъйид карданд. Дар ин даргирӣ як низомии ОМОН-и вилояти Суғд захмӣ шудааст. Манобеи ҳифзи қонун дар бораи тарзи анҷоми амалиёт гуфтанд, ки ҳодиса шоми дирӯз рӯй дод. Гурӯҳи нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ манзилеро, ки ин афрод пинҳон шуда будаанд, ба муҳосира гирифта, талаби таслим шудани афроди дар дохил бударо пеш гузоштанд. Пас аз посухи рад тасмим ба оғози амалиёти ҷангӣ шудааст. Пас аз анҷоми амалиёт аз манзил чаҳор ҷасад ва як нафари зинда ошкор шудаанд. Орифҷон Умаров, додситони ноҳияи Исфара дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки тибқи тахминҳои пешакӣ ин афрод ба куштори раиси бахши ҷустуҷӯҳои ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исфара Саидумар Саидов дар моҳи сентябр гунаҳгор буда метавонанд. Бо зикри ин матлаб Орифҷон Умаров аммо ба хотири халал ворид накардан дар кори тафтишот аз бурдани исми ин афрод худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки ин афрод се соли охир мавриди пайгарди қонун қарор доштанд.
XS
SM
MD
LG