Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба аҳзоби сиёсии кишвар аз онҳо хостааст, ки дар мубориза бар зидди фасод саҳм бигиранд.

Абдураҳим Абдулҳасанов, муовини роҳбари оҷонсии мазкур, дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт: «Мо ба тамоми ҳизбҳои сиёсии кишвар нома ирсол кардем. Иддае аз ҳизбҳои сиёси барномаи зиддифасодии хешро ба мо пешниҳод карданд. Феълан барномаҳои ирсолшуда дар шӯъбаҳои махсуси оҷонсӣ мавриди таҳлил ва ташхиси мутахассисон қарор доранд. То ки ин мушкилот рафъ шавад.»

Ба гуфтаи Абдураҳим Абдулҳасанов, ҳадаф аз роҳандозии ин барнома, муборизаи муштарак бар зидди фасод аст, ки хатари он на танҳо ба давлат, балки ба ҷомеаи кишвар таҳдид мекунад. Ин мақоми давлатӣ мегӯяд, истифодаи барномаҳои зиддифасоди аҳзоби сиёсӣ ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар мавриди ҳалли дастаҷамъонаи масоили ҷомеъа аз сохторҳои ҳукуматӣ кам андар кам дархости ҳамкорӣ
«Иддае аз ҳизбҳои сиёси барномаи зиддифасодии хешро ба мо пешниҳод карданд. Феълан барномаҳои ирсолшуда дар шӯъбаҳои махсуси оҷонсӣ мавриди таҳлил ва ташхиси мутахассисон қарор доранд." Абдураҳим Абдулҳасанов, муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасод
мегиранд. Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, гуфт, ҳизби онҳо то ҳол чандин пешниҳоди вижаро ба мақомоти оҷонсӣ ироа кардааст. Абдуҳалим Ғаффуров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, мегӯяд, агарчанде пешниҳоди як ниҳоди давлатӣ дар мавриди муборизаи муштарак бар зидди фасод як иқдоми назаррас аст, аммо ҳукумат набояд танҳо бо ин иктифо кунад. Ин барнома дар ҳоле ба ҳадаф мерасад, ки агар баҳси мавзӯъи фасодкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дар радиову телевизионҳои давлатӣ бо ширкати аҳзоби сиёсӣ ташкил шавад.

Дар ҳоле ки роҳбарони ду ҳизби сиёсӣ аз иқдоми Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод истиқбол кардаанд, чанд ҳизби дигар дар мавриди пешниҳоди муборизаи дастаҷамъона мавқеи дигар доранд. Муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ҳизби онҳо ҳанӯз чанд соли пеш роҳи мубориза бо фасодро ба Оинномаи худ ворид намуда, чанд пешниҳодеро дар ин мавзӯъ ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст. Вале, меафзояд ҷаноби Ҳакимов, дар ҳоле ки ҳизбҳои сиёсӣ аз ироаи ақида ва мавқеъи худ аз тариқи расонаҳои давлатӣ маҳрум ҳастанд, чӣ гуна метавон ба натоиҷи мусбати ин иқдом хушбин буд. Шокирҷон Ҳакимов гуфт, ҳамин гуна як даъват ба амал овардан аз тарафи ниҳоди ҳукуматӣ ин як шакл аст. Мазмун ва моҳият надорад. Вай гуфт: «Дар доираи талаботи созмонҳои байналмилалӣ, ки як қисми муайян ва муассири ин сохторро маблағузорӣ, мекунад, гуфта шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза ба роҳ монда шавад. Аз ин хотир, он чизе ки онҳо талаб мекунанд, бештар барои ҳисоботи худашон ва назди созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида мебошад, ки гӯё мо ҳамкорӣ дорем. Вале дар асл ягон робита вуҷуд надорад.»

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ, гуфт, воқеан мактуб аз ҷониби Оҷонсии мубориза бар зидди фасод ба роҳбарияти ҲНИТ
"Он чизе ки онҳо талаб мекунанд, бештар барои ҳисоботи худашон ва назди созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида мебошад, ки гӯё мо ҳамкорӣ дорем. Вале дар асл ягон робита вуҷуд надорад." Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ
расидааст, аммо мушаххас нест, ки Оҷонсӣ аз ҲНИТ чӣ мехоҳад. Ба гуфтаи ҷаноби Сайфуллозода, албатта ҳизби онҳо наметавонад дар баробари фасоду фасодкорӣ, ки ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар ҷомеа ба сатҳи хатарнок расидааст, бетафовут бошад. Ӯ афзуд, ҲНИТ феълан дар садади таҳияи платформаи хеш қарор дорад. Ва ҳатман роҳҳои рафъи фасод ва назари хешро бо ҳукумат матраҳ хоҳад кард. Ба гуфти вай, ҲНИТ аз ин пешниҳод ва роҳҳои аз байн бурдани фасод худро дар канор намегирад. Ҳатман дар ҳамкорӣ хоҳад буд. «Дар сурате, ки ин ниҳод ошкоро барномаи хешро шаффоф ва ҳадафмандона пешниҳод кунад, ва ин ки дар ин ё он маврид аз як ҳизби сиёсӣ чиро интизор аст. Ва як ҳизби сиёсӣ аз он ҷумла ҲНИТ, чӣ кӯмаке ба онҳо расонида метавонад».

Ӯ афзуд, азҳоби сиёсӣ барои таъсир ба ҷомеа ва ё ташаккули афкори умум минбари собит ва таъсиргузор надоранд. Аммо агар ин гуна имкон медоштанд, дар муборизаи зидди фасод метавонистанд зеҳнияти ҷомеаро дигар кунанд ва ба сохторҳои давлатӣ кӯмак намоянд. Ӯ изҳори таассуф кард, ки аҳзоб дар ин самт нақши камранг доранд.

Иброҳим Усмон, таҳлилгари тоҷик, бар ин назар аст, ки агар Оҷонсии зидди фасод хостори муборизаи муштарак бо аҳзоб шудааст, ин ба маъноест, ки ҳукумат зарурати кӯмаки аҳзобро эхсос кардааст. Ва агар ин ният амалӣ шавад, обрӯи аҳзоб низ дар ҷомеа боло хохад рафт.

Аммо Ҳикматуллоҳ Сайфулоҳзода ин эҳтимол, ки ҳадафи оҷонсӣ ба истилоҳ хок пошидан ба чашми ҷомеъ астро, бебунёд намедонад. Ӯ мегӯяд, агар ҳадаф танҳо намоиши ҳамкории ба истилоҳ "танготанги" ҳукумат бо аҳзоби сиёсӣ бошад, пас онро метавон ба инобат нагирифт. Аммо агар ин ҳамкорӣ қавӣ ва холисона бошад, то ҷое метавонад дар рафъи фасод муваффақ шавад, зеро аҳзоб наметавонанд ошкор бигӯянд, ки дар ниҳоди додгоҳӣ, додситонӣ ва ё оҷонсии фасод, фасодкорӣ вуҷуд дорад. Вале дар сурати ҳамкориҳои шаффоф ва густурда азҳоб метавонанд ин камбудиҳоро ошкор гӯянд ва роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG