Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Second hand дар Душанбе


Чанд ҳафта пеш ҳангоме, ки аз назди бозори Шоҳмансури пойтахт мегузаштам, чашмам ба фурӯшгоҳи дуошёнаи канори роҳ афтод.

Дар аввал гумон кардам, тибқи маъмул боз ягон мағозаи замонавии молу колоҳои гаронарзиш кушода шудааст. Аммо, чун наздиктар рафтам, навиштаҷоти ин фурӯшгоҳ таваҷҷӯҳи маро ба худ кашид: «Молҳои дасти дуввум аз Аврупо».

Қаблан, низ шунида будам, ки дар шаҳри Душанбе мағозаҳои «секонд ҳэнд» ва ё дасти ду зиёд шудааст ва ин фурӯшгоҳҳо харидорони доимии худро низ пайдо кардаанд. Ва чун имкони мусоид барои санҷиши ин гуфтаҳо барои ман даст дод, вориди мағоза шудам. Дар ин мағоза ҳама намуди либосвориву пойафзол ва лавозими хонаро бо нархи арзон харидорӣ кардан мумкин аст.

Абдулҳамид Юнусов, мудири анбори фурӯшгоҳ, мегӯяд, молҳои дасти дуюм, ки аксарият пахтагин буда, сифати хеле хуб доранд, асосан аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, харидорони молҳои дасти дуюм на танҳо нафарони камбизоат, балки ашхоси дорову саршиноси кишвар низ будаанд. Абдулҳамид Юнусов меафзояд, бӯҳрони ахири иқтисодӣ боиси он шудааст, ки теъдоди ҳар чӣ бештари шаҳрвандон, бахусуc ҷавонон, рӯ ба фурӯшгоҳи дасти дуввум оранд. Зеро, дар ин ҷо онҳо метавонанд молҳоро ба тариқи кило низ бихаранд.

Рамзия, ҷавони мусоҳиби ман, мегӯяд, тӯли бештар аз ду cол аст, ки либосҳои худро аз мағозаҳои дасти дуввум харидорӣ мекунад. Ба андешаи Рамзия, аз миёни молҳои секонд ҳэнд мешавад маҳсулоти аслии ширкатҳои маъруфро пайдо кард. Нигина, модари чаҳор фарзанд, низ мегӯяд, чун дар шароити феълӣ ӯ аз бозорҳои калони пойтахт имкони харидории либосҳои гаронарзишро надорад,ба мағозаҳои секонд ҳэнд рӯ овардааст. Беҳруз, ҷавони дигар, гуфт, аз мағозаҳои дасти дуввум танҳо пойафзол мехарад.

Бархе аз ҷавонон бар инанд, ки набояд аз либосҳои дасти ду истифода кард. Зеро, ба андешаи онҳо, чунин либосҳо ҳомили бемориҳои пӯстанд. Аммо Сафаралӣ Ғаниев, пизишки амрози пӯст, мегӯяд, дар ҳоле ки ин колоҳо аз ташхиси беҳдоштӣ гузаштаву, бо газҳои мухталиф ва ҳарорат коркард мешаванд, ба истифодабарандагони молҳои дасти дуюм хатари гирифтор шудан ба бемориҳои пӯст таҳдид намекунад.

Фурӯшгоҳҳои молҳои дасти дуввум аксаран дар кишварҳои дар ҳоли рушд таъсис мешаванд. Таъсиси ин гуна фурӯшгоҳҳоро сад сол пеш чанд соҳибкори амрикоӣ фикр кардаанд. Онҳо бо ҳадафи ба манфиат истифода бурдани молу либосҳои қаблан истифодашуда, нуқтаҳои қабулро таъсис додаанд. Ба ин нуқтаҳо аз кишварҳои пешрафта молҳои истифодашуда ва ё мӯҳлати истифодабарияшон гузашта бо нархҳои арзонтар супорида мешуданд. Тоҷирон нахуст ин молҳоро ба кишварҳои фақир ҳамчун кӯмак ва баъдан чун иқтисоди ин кишварҳо беҳтар гардид, бо нархҳои паст мефурӯшанд.

Беҳзод Ҷӯраев, номзади илмҳои иқтисодӣ, таъсиси теъдоди аз ҳад зиёди мағозаҳои дасти дуввумро дар Тоҷикистон зарур намедонад. Ба андешаи вай, аксари молҳои дасти дуввум аз газворҳои пахтаанд ва Тоҷикистон низ метавонад аз пахтаи худи либос истеҳсол карда, бо нархи арзон ба сокинон пешниҳод намояд.

Бо ин ҳама пизишкони амрози пӯст барои харидорони молҳои дасти дуввум тавсия медиҳанд, ки қабл аз пӯшидан, ин либосҳо бояд аз нав шуста ва дарзмол шаванд.
XS
SM
MD
LG