Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон наздики 80 ҷангӣ кушта шуданд


Низомиёни покистонӣ гуфтанд, дар амалиёти густардае зидди ҷангиён дар Вазиристони Ҷанубӣ раҳбарони Толибонро ҳадаф қарор хоҳанд дод. Генерал-майор Атҳар Аббос дар ин бора дар нахустин нишасти матбуотиаш баъди шурӯи ин амалиёти густардаи нирӯҳои ҳавоиву заминӣ дар рӯзи шанбе хабар дод. Вай гуфт, ки то имрӯз нӯҳ сарбоз ва 78 ҷангӣ кушта шуданд. Барои мубориза бо ҷангиён дар минтақаи шимолуғарб Покистон ҳудудан 30 ҳазор нирӯро сафарбар кардааст.
XS
SM
MD
LG