Пайвандҳои дастрасӣ

Замони нав барои бозии "Вахш" - "Истиқлол"


Бозии «Вахш» - «Истиқлол» 21-уми октябр баргузор мешавад

Бозии даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Истиқлол»-и Душанбе аз 24-уми октябр ба 21-уми октябр гузаронда шуд.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ба иллати ширкати футболбозони ҷавони дастаҳои «Вахш» ва «Истиқлол» дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Непал бо хоҳиши ҳар ду даста ва розигии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии навбатии тақвимии мо дар лигаи олӣ се рӯз пеш дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад».

Баъди натиҷагирии даври 16-ум «Вахш» бо 40 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. «Регар» ТадАЗ бо 38 имтиёз дар ҷои дуввум аст. «Хуҷанд» бо 37 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифтааст. «Истиқлол» бо 33 имтиёз чаҳорум мебошад.

«Вахш» дар мавриди пирӯзӣ бар «Истиқлол» ба унвони қаҳрамонӣ даст хоҳад ёфт. Зеро қӯрғонтеппагиҳо дар даври охирин бидуни бозӣ бо «Спитамен» соҳиби се имтиёз ва барои рақибон дастнорас хоҳанд шуд. «Регар» ТадАЗ бошад, дар ду бозии боқимонда 24-уми октябр дар меҳмонӣ бо «Энергетик» ва 1-уми ноябр дар майдони худ бо «Хуҷанд» зӯрозмоӣ хоҳад кард. «Хуҷанд» дар даври 17-ум бидуни бозӣ бо «Спитамен» се имтиёз ба даст меорад ва бозии охиринаш бо «Регар» ТадАЗ тақдири медалҳои нуқраву биринҷиро ҳал хоҳад кард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 21-уми октябр

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

16

13

1

2

39-14

40

2.

«Регар» ТадАЗ

16

12

2

2

40-11

38

3.

«Хуҷанд»

16

12

1

3

33-10

37

4.

«Истиқлол»

16

10

3

3

32-16

33

5.

«Энергетик»

16

8

2

6

37-24

26

6.

«Парвоз»

16

6

4

6

24-21

22

7.

«Равшан»

16

4

2

10

22-36

14

8.

«Гвардия»

16

2

2

12

10-49

8

9.

«Спитамен»

16

1

3

12

9-38

6

10.

СCКА «Помир»

16

1

2

13

12-39

5



Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 12 гол, Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 11 гол.
XS
SM
MD
LG