Пайвандҳои дастрасӣ

Маъракаи таблиғотии интихоботи Украина шурӯъ шуд


Дар Украина маъракаи таблиғотии интихоботи раёсатҷумҳурӣ шурӯъ шуд, ки аввалин бор баъди инқилоби норанҷии соли 2004 ва сари қудрат омадани Виктор Юшенко баргузор мешавад. Юшенко, ки нияти пешбарии номзадии худро дар интихобот дорад, дар пурсишҳои афкори умум аз ду номзади аслӣ қафо мемонад. Интизор меравад, ки муборизаи асосӣ дар миёни ду рақиб – Виктор Янукович, сиёсатмадори рӯ ба Русия ва нахуствазир Юлия Тимошенко сурат хоҳад гирифт. Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина 17 январи соли оянда дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG