Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон 60 Толибро кушт


Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки нирӯҳои онҳо дар пайи амалиёти густардае дар Вазиристони ҷанубӣ, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, 60 ҷангии Толибонро нобуд карданд. Ин манбаъ мегӯяд, дар амалиёте, ки рӯзи шанбе шурӯъ шуд, шаш сарбози артиш кушта шудаанд. Тасдиқи ин хабар тавассути манбаъҳои мустақил ғайриимкон аст. Ҳукумат гуфт, ки мақари таҷаммӯи ҷангиёнро муҳосира карда ба паноҳгоҳҳои онҳо зарба заданд. Маҳали даргириҳоро ҳудудан 100 ҳазор сокинони мулкӣ тарк карданд. Як сухангӯи Толибон таҳдид кардааст, ки ҷангиёни исломӣ “то охирин қатраи хун” мубориза хоҳанд бурд.
Интизор меравад, ки амалиёти Вазиристони Ҷанубӣ дар меҳвари гуфтугӯҳои сенатори амрикоӣ Ҷон Керрӣ ва фармондеҳи ситоди марказии нирӯҳои Амрико Дейвид Петреус хоҳад буд, ки барои музокираҳои низомиву сиёсӣ дар Покистон ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG