Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Горбачев интихоботи Русияро "масхара" хонд


Михаил Горбачев, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ мегӯяд, ки интихобот дар Русия ба як масхара бадал гашт. Мусоҳибаи ӯ бо “Новая газета” баъди нашри натиҷаҳои интихоботи маҳаллии Русия баргузор шуд, ки дар он ҳизби “Русияи воҳид”-и нахуствазир Владимир Путин пирӯз шуд, вале бо танқидҳои фаровони мухолифин дар тақаллуби ҷойдошта рӯбарӯ шуд. Горбачев дар сӯҳбат бо нашрияе, ки қисман саҳҳомдори он аст, гуфт, дилмондагию беъэътимодӣ ба низоми интихоботии Русия боиси он мешавад, ки мардум дигар пои сандуқҳои раъй нахоҳанд рафт. Горбачев, ки ислоҳоти сартосарии соли 1989 шурӯъшудааш боиси суқути режими коммунистӣ дар саросари Аврупои Шарқӣ ва пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ дар соли 1991 гардид, то имрӯз дар интиқоди ҳукумати нав хеле эҳтиёткор будааст.
XS
SM
MD
LG