Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натиҷаҳои интихоботи Афғонистон эълон мешавад


Комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ, ки бо пуштибонии СММ амал мекунад, интизор меравад имрӯз (баъди соатҳои 17:30 ба вақти Душанбе) натиҷаҳои таҳқиқоти раъйҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистонро нашр кунад. Натиҷаи ин гузориш аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он метавонад ё исми президенти ояндаи Афғонистон ва ё баргузории раъйдиҳии даври дуюмро эълон кунад. Бар тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ Ҳомиди Карзай дар интихобот 55 дар сад ва рақиби аслии вай Абдуллоҳ Абдуллоҳ 28 дар сади раъйҳоро дар пайи интихоботи рӯзи 20 август бурдааст. Дар сурате ки комиссиюн раъйҳои бурдаи Карзайро камтар аз 50 дар сад гӯяд, бояд даври дуюми интихобот баргузор шавад. То ҳол комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ дар эълони натиҷаҳо таъхир кардааст. Як созмони ҷудогонаи дигар – Комиссиюни мустақили интихоботӣ, ки онро Карзай таъйин кардааст, масъули эълони натиҷаҳои ниҳоии раъйгирии моҳи октябр мебошад.
XS
SM
MD
LG