Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Сайфиддинов – қаҳрамони мутлақи ҷаҳон


Далер Сайфиддинов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти XVI қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи таэквон-до ИТФ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо касби 1 медали тилло ва 1 медали нуқра ба унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳон даст ёфт.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ИТФ-и Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 15 нафар -10 мард ва 5 зан шомил буданд.

Далер Сайфиддинов, дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни 78 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ян Мрачек, намояндаи Ҷумҳурии Чех, пирӯз шуда, бо медали тилло мукофотонида шуд. Сипас ӯ дар навъи дигари рақобатҳо ҷои дуввумро касб карда, медали нуқра гирифт.

Байни занон Са Ок Ҷин (Кореяи Шимолӣ) ба унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳон мушарраф гашт.

Дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ, ки соҳиби 19 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ ғолиб омада, бо Ҷоми аслии мусобиқа сарфароз гардид. Дастаи Русия-1 ҷои дуввумро касб кард (5 медали тилло, 5-нуқра ва 7-биринҷӣ). Мунтахаби Ҷумҳурии Чех севум шуд (3 медали тилло, 3-нуқра ва 5-биринҷӣ).

Тоҷикистон бо касби 1 медали тилло, 4-нуқра ва 6-биринҷӣ пас аз дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Русия-1, Ҷумҳурии Чех, Русия-2 ва Булғористон дар ҷои 6-ум қарор гирифт.

Дар ҳисоби дастаӣ дар сабқати мардон мунтахаби Ҷумҳурии Чех пирӯз шуд. Байни занон мунтахаби Кореяи Шимолӣ ҷои аввалро касб кард.
XS
SM
MD
LG