Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии мусаллаҳона дар Исфара


Дар пайи як даргирии мусаллаҳона дар Исфара чаҳор муттаҳам ба узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон кушта шудаанд.

Дар ин даргирӣ як низомии ОМОН-и вилояти Суғд захмӣ шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо манзилеро, ки дар он муттаҳамон ба узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятӣ пинҳон шуда будаанд, ба муҳосира гирифта, талаби таслим шуданашонро кардаанд. Пас аз посухи рад тасмим ба оғози амалиёти ҷангӣ шудааст.

Пас аз анҷоми амалиёт аз манзил чаҳор ҷасад дарёфт шудааст. Ҳувияти онҳо ошкор шудааст, вале мақомот ба хотири халал ворид накардан дар тафтишот аз исм бурдани онҳо худдорӣ мекунанд.Додситони шаҳри Исфара, Орифҷон Умаров, гуфт, ин афрод аз соли 2006 – и милодӣ ба гумони фаъолият дар ҲИУ ва даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин таҳти таъқиб қарор доштанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, дар ҷараёни амалиёти вижа як нафар аз ин гурӯҳ зинда дастгир карда шудааст.

Аз маҳалли ҳодиса миқдори зиёди аслиҳаву муҳимот ба даст омадааст. Чанд муттаҳами дигар ба узвият дар ин гурӯҳи ҷиноятӣ фирор кардаанд ва ҳоло дар ҷустуҷу қарор доштаанд. Ба гуфтаи О. Умаров, дар ҳоли ҳозир, мақомоти тафтишотӣ ба аз назаргузаронии ҷои ҳодиса машғуланд. Вай афзуд, хонае, ки кушташудаҳо паноҳ бурда буданд, дар задухӯрди мусаллаҳона хароб гашта, эҳтимол дорад аз зери хоку шикастапораҳо ҷасади нав пайдо шавад.

Аъзои ин гурӯҳ дар судури як силсила ҷиноёти сангин, аз ҷумла дар куштори Саидумар Саидов, раиси бахши ҷустуҷуҳои ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исфара, дар моҳи сентябр, гумонбар дониста мешаванд.

Генерал Тоҳир Нурматов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Газета.Ру истисно накардааст, ки ҳамин гурӯҳ шабонгоҳи 15-уми октябр аз таъқиби марзбонони қирғиз ҷон ба саломат бурда буд.

Ахиран, мақомоти марзбонии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гурӯҳи мусаллаҳе, ки аз Тоҷикистон ба вилояти Бодкант гузашта буд, ба деҳаи Ворухи Тоҷикистон ворид шудааст. Аъзои ин гурӯҳ, ки теъдодашон аз ҳашт то даҳ нафар ҳадс зада мешуд, чанд рӯз пеш бо марзбонҳои қирғиз дар постгоҳии Куктоши вилояти Бодканд вориди даргирӣ шуда буданд.

Мақомоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд, ки дар ин ҳодиса ба нафаре аз марзбонҳо осеб нарасидааст ва онҳо таъқиби гурӯҳи мусаллаҳи марзшиканро идома медиҳанд. Баъдан марзбонҳо, дар мавзеи Кочоқорин, ки дар канори деҳаи Куктош воқеъ аст, як норинҷак ва чаҳор борхалтаи аъзои ин гурӯҳро ошкор карданд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфта буданд, нерӯҳояшон атрофи деҳаи Ворухро муҳосира кардаанд ва аммо амалиётро дар ин деҳа марзбонҳо ва кормандони милисаи Тоҷикистон идома медиҳанд.

Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаи убури ғайриқонунии марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва баъдан ба қаламрави кишвар баргаштани гурӯҳи мусаллаҳро рад карда буданд. Онҳо гуфта буданд, воқеан ҳам чанд рӯз пеш сарҳадбонҳои тоҷик дар наздикии посгоҳи Кӯктоши Қирғизистон садои тирпарониро шунидаанд ва ба ин хотир посбонии марзро таҳким бахшидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо марзбонҳои қирғиз ба хотири ошкор ва боздошт кардани аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳро таъйид карда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG