Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 4 зина боло - 168-ум шуд


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) бидуни бозӣ байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 4 зина боло шуд ва дар ҷои 168-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон байни 46 тими мунтахаби Осиё дар зинаи 36-ум мавқеъ дорад, дар Осиёи Марказӣ бошад, пас аз Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ мисли пешин дар зинаи охирин - 15-ум қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ мавқеъаш 6 зина поён шуд - ҷои 12-ум. Укроин мисли пешин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум аст ва дар ҷаҳон 3 зина боло баромад - 22-юм. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 47. Латвия (58-ум буд). 59. Литва (62). 73. Беларус (77). 80. Узбакистон (85). 88. Молдова (88). 100. Арманистон (125). 103. Эстония (114). 117. Гурҷистон (112). 121. Қазоқистон (136). 125. Озарбойҷон (139). 137. Қирғизистон (143). 142. Туркманистон (147). 168. Тоҷикистон (172).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Бразилия мебошад. Испания (қаҳрамони Аврупо-2008) дар ҷои дуввум ва Ҳуланд дар ҷои севуманд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Олмон, Аргентина, Инглистон, Хорватия, Фаронса ва Португол ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) инҳоянд: Австралия (ҷои 24-ум), Ҷопон (40-ум), Кореяи Ҷанубӣ (48-ум), Баҳрайн (61-ум), Эрон (62-юм), Арабистони Саъудӣ (64-ум), Уммон (79-ум), Узбакистон (80-ум), Кореяи Шимолӣ (91-ум) ва Ироқ (93).

Дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар феҳристи FIFA аз рӯи натоиҷи бозиҳояшон дар мусобиқоти мухталифи расмию рафиқона ҷойгир шудаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон имсол ягон бозӣ анҷом надодааст.

Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 118-ум дар соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз ин пеш ҷои 172-юм аз рӯи натиҷагирии моҳи гузаштаи соли 2009-ум буд.
XS
SM
MD
LG