Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Русияву Амрико роҷеъ ба мувофиқатнома


Имрӯз ҳайатҳои Русияву Амрико барои даври нави музокира роҷеъ ба муоҳидаи коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ дар Женева бо ҳам менишинанд. Мувофиқатномаи нав ҷойгузини муоҳидаи коҳиши аслиҳаи стротегии соли 1991 хоҳад буд. Мӯҳлати ин муоҳида, ки коҳиши аслиҳа аз ҳар ду ҷонибро дар назар дорад, моҳи декабр ба поён мерасад. Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия гуфт, 13-ӯми октябр дар ҷараёни музрокира бо хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико роҷеъ ба ин мувофиқатнома пешрафти қобили мулоҳиза ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG