Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даври нави музокироти ҳастаии Эрон баргузор мешавад


Дар Вена даври нави музокироти Эрон ва кишварҳои абарқудрати ҷаҳон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин музокирот ҷузъиёти пешниҳодҳо дар бораи фиристодани урани Эрон барои коркард ба хориҷ баррасӣ шавад. Қарор аст, чунин уранро Эрон барои корхонаҳои тавлиди нируи барқ истифода кунад. Ин пешниҳод дар музокироти Женева 1-ӯми октябр аз сӯи кишварҳои бузурги ҷаҳон, аз ҷумла Русияву Амрико матраҳ шуда буд. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон ин пешниҳодро қадаме ба пеш арзёбӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG