Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин "Евровидение"-и осиёиро пешниҳод кардааст


Владимир Путин-нахуствазири Русия пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ озмуни таронаи беҳбарин аз қабили "Евровидение" баргузор шавад. Вай зимни суханони хад дар Пекин-пойтахти Чин аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай даъват кард, ки ба озмуни таронаи беҳтарин бипайванданд. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ин озмун бо номи "Интервидиние" баргузор мешуд. Ҳоло аз кишварҳои Чину Ҳиндустон, Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия, яъне кшварҳои узви созмони ҳамкории Шанхай як ҷо бо кишварҳои нозир, яъне Ҳиндустону Эрон, Муғулистону Покистон даъват шудааст, ки дар ин озмун ширкат кунанд. Солҳои гузашта ин озмун бо номи "Панҷ ситора" дар Русия баргузор мешуд. Баъд аз пирӯзии Таҳмина Ниёзова-овозхони тоҷик дар озмуни соли гузашта бояд ин озмун дар Душанбе баргузор шавад. Вале сарнавишти озмун то ҳол рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG