Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ҷангиёни исломӣ кушта шуданд


Генерал Тоҳир Норматов-муовини вазири дохилаи Тоҷикистон ба "Газета.ru" гуфтааст, дар ноҳияи Исфара дар ҷараёни як амалиёт гурӯҳи ҷангиёни Ҳаракати Исломиии Ӯзбекистон аз байн бурда шудааст. Дар ин амалиёт 4 ҷангӣ кушта шудаанд. Аз онҳо миқдори зиёди аслиҳаву муҳимот ба даст омадааст. Ба гуфтаи генерал Норматов, аъзои ин ҳаракат дар судури як силсила ҷиноёти сангин, аз ҷумла дар куштори Саидумар Саидов-раиси бахши ҷустуҷуҳои ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исфара дар моҳи сентябр, гумонбар дониста мешаванд. Генерали тоҷик истисно намедонад, ки ҳамин гурӯҳ шабонгоҳи 15-ӯми октябр аз таъқиби марзбонони қирғиз ҷон ба саломат бурда буд.
XS
SM
MD
LG