Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон ва натиҷаи он


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, Вен Жибао-нахуствазири Чин зимни мулоқоташ бо Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон дар Пекин гуфтааст, кишвараш омода аст дар бахши кишоварзӣ, истихроҷи маодан, бунёди зербано ва ҷалби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо ин кишвар ҳамкориҳояшро тавсеъа диҳад. Ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ин кишвар аз сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи бунёди ниругоҳҳои барқи обӣ, ҳамкориҳо дар бахшҳои истихроҷи маодану саноати бофандгӣ истиқбол мекунад.
XS
SM
MD
LG