Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико:Афғонистон ба раҳбари босалоҳият ниёз дорад


Кохи Сафеди Амрико гуфтааст, дар бораи фиристодани нируҳои иловагӣ ба Афғонистон ҳеҷ гуна тасмим намегирад, то замоне, ки ин кишвар муайян накунад, ки ҳукумати нав "ҳамкори воқеъист". Раҳм Эммануэл-раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Амрико дар мусоҳибае бо телевизиони CNN гуфт, бидуни таҳлили ҳамаҷониба дар бораи ҳукумати нав дар ин бора тасмим гирифтан кори "хом" хоҳад буд. Натиҷаҳои интихобот нишон медиҳад, ки Ҳомид Карзай аз рақиби худ Абдулло Абдулло пешӣ гирифтааст, вале дар бораи тақаллуби густарда дар ин интихобот сӯҳбатҳо низ дар миён аст. Қарор аст натиҷаи расидагӣ ба орои тақаллубӣ дар рӯзҳои оянда эълон шавад.
XS
SM
MD
LG