Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷандуллоҳ" масъулияти таркишро бар дӯш гирифт


Масъулияти ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Пешин, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эронро, гурӯҳи Ҷандуллоҳ бар дӯш гирифт. Бар асари ин ҳодиса дасти кам 30 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилоъи расонаҳои Эрон, дар ин ҳодиса чандин низомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ҳадди аққал панҷ панҷ фармондеҳ, аз аз ҷумла ду фармондеҳи воломақом - муовини фармондеҳи нерӯҳои пиёданизом генерал Нуралӣ Шуштарӣ ва фармондеҳи Сипоҳ дар вилояти Сиистону Балуҷистон генерал Муҳаммадзода ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилоъи расонаҳои Эрон, як маргталаб худро дар ҳоле инфиҷор кард, ки низомиёни воломақом бо сарони қабилаҳо мулоқот мекарданд. Гуфта мешавад, ки бар асари ин ҳамла чанд тан аз сарони қаболил ҳам кушта шудаанд. Ҳалокати ду фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро имрӯз раиси Маҷлиси Эрон Алии Лориҷонӣ таъйид кард.
Гурӯҳи мусаллаҳи Ҷандоллоҳ аз мухолифони ҳукумати Эрон маҳсуб мешавад. Дар вилояти Сиистону Балуҷистон, ки ин гурӯҳ мустақар аст, асосан балуҷҳои суннимазҳаб ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG