Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди Аврупо умедвор аст, ки интихоботи порлумонии 2010 дар Тоҷикистон шаффоф, озод ва демократӣ баргузор хоҳад шуд.

Ин матлабро Шарлота Адреан, раҳбари Комиссиюни Аврупо дар Душанбе, дар ҷараёни маросими расмии ифтитоҳи «Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баён кард.

Дар маросими расмии ифтитоҳи ин табдири муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ширкат ва суханронӣ кард. Ба эътиқоди вазири хориҷаи Тоҷикистон, ин иқдом дар ҷиҳати густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо муҳим аст.

Озоду шаффоф ва демократӣ сурат гирифтани ин тадбири муҳими сиёсӣ роҳро барои тақвияти ҳамкориҳои муассир бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо боз хоҳад кард ...
Дар навбати худ Шарлота Адреан, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, гуфт, «Ҳафтаи Аврупо» пуле хоҳад буд байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки метавонад дар ҷиҳати наздикии Тоҷикистон бо кишварҳои узви ин созмон кумак кунад. Зеро ба гуфтаи хонум Адреан, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо алоқаманди ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар остонаи баргузории интихоботи порлумонии 2010 қарор дорад ва хонум Андреан бар ин назар аст, ки озоду шаффоф ва демократӣ сурат гирифтани ин тадбири муҳими сиёсӣ роҳро барои тақвияти ҳамкориҳои муассир бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо боз хоҳад кард.

Шарлота Адреан дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, «Иттиҳоди Аврупо аз баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2010 истиқбол мекунад ва умедвор аст, то ин иқдоми сиёсӣ шафоф, озод ва демократӣ сурат бигирад. Зеро мутобиқ ба мавозини байнулмилалӣ баргузор шудани интихоботи порлумонии Тоҷикистон аз нукоти меҳварии муколамаи сиёсии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон буд, ки дар моҳи сентябр баррасӣ шуд».

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон то ҳол дар заминаи ворид кардани ислоҳот ба қонуни феълии интихобот иқдоме накардааст. Танҳо тарҳе, ки тавассути гурӯҳи корӣ ба ибтикори IFES ё Созмони байнулмилалии системи интихоботӣ дар ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ, Коммиссиюни Марказии Интихобот ва ҳуқуқшиносон таҳия ва тавассути Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони порлумон пешниҳод гардид, рад карда шуд.

Масъулони порлумони Тоҷикистон набуди буҷаи кофиро аз сабаби аслии рад шудани тарҳи ислоҳот ба қонуни интихобот унвон карданд. Раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва соҳибназарон мегӯянд, фурсат барои баргузории интихоботи порлумонӣ дар кишвар кам мондааст ва гумон аст, ки давлат дар ҷиҳати такмили қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ талоше кунад. Ба ин тартиб интизор меравад, интихоботи порлумонии 2010 дар Тоҷикистон дар чорчӯби муқаррароти қонуни феълии интихобот сурат бигирад.

Агар дар чорчӯби қонуни феълӣ интихобот сурат бигирад, пас маълум аст, ки интихобот демократӣ баргузор намешавад ...
Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки дар сурати бо муқаррароти қонуни феълии интихобот баргузор шудани интихоботи порлумонии 2010, ин амр омили коста шудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ хоҳад шуд.

Вай мегӯяд, «агар дар чорчӯби қонуни феълӣ интихобот сурат бигирад, пас маълум аст, ки интихобот демократӣ баргузор намешавад. Зеро қонуни феълӣ камбудиҳои зиёд дорад. Пайомади он ба давлатдории Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Кишварҳои мухталиф аз густариши муносибот бо Тоҷикистон худдорӣ мекунанд ва хусусияту табиати низоми ҳуқуқию сиёсии кишвар ҳамин тавр - худкома боқӣ хоҳад мемонад. Таъсиру эътибори порлумон низ коҳиш хоҳад ёфт, ки дар натиҷа низоми ҳокимият низ номукаммал мегардад».

Аммо Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, давлатро лозим аст, то ба хотири бароварда кардани хостаҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дар заминаи интихоботи шаффофу демократӣ, аз дахолат ба умури интихобот худдорӣ кунад ва роҳро барои ширкати фаъоли куллия аҳзоби сиёсӣ ва ворид шудан ба порлумон боз кунад. Зеро таҷрибаи интихоботҳои қаблии Тоҷикистон ҳокист, ки дахолати мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар раванди баргузории интихоботҳо мояи нигаронии на танҳо ҷомеаи ин кишвар, балки созмонҳои байнулмилалӣ будааст.

Дар ҳар сурат то чи ҳад интихоботи қарибулвуқуи порлумонӣ дар қиёс ба интихоботҳои қаблӣ дар Тоҷикистон шаффофу демократӣ ва бидуни тақаллубкорӣ доир хоҳад шуд, инро танҳо вақт собит хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG