Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Покистон аз ҳалокати 60 ҷангҷӯ хабар доданд


Вазорати дифоъи Покистон хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматии Покистон дар Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, 60 тан аз ҷангҷӯёни толиб кушта шудаанд. Дар задухурдҳо ҳамчунин 6 сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расиданд. Хабаргузориҳои ғарбӣ мегӯянд, ки то куҷо воқеъият доштани ин хабари расмиро тавассути манобеъи мустақил санҷидан ғайримумкин аст.
Амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ рӯзи шанбе шурӯъ шуд ва ба иттилоъи вазорати дифоъи Покистон, дар он беш аз 28 ҳазор афсару сарбози покистонӣ ширкат доранд. Хадамоти кашфи кишвар мегӯяд, ки теъдоди мусаллаҳони толиб дар ин минтақа тақрибан понздаҳ ҳазор нафар аст. Нерӯҳои ҳукуматӣ амалиётро дар чанд самт ва бо истифода аз тупхона ва ҳавопаймоҳои низомӣ идома медиҳанд.
Ҳафтаҳои ахир дар чанд шаҳри Покистон ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифтанд, ки бар асари онҳо беш аз 170 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG