Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лупу - ягона довталаби мақоми президенти Молдова


Раҳбари Ҳизби демократ Мариан Лупу чун ягона номзад ба мақоми раисиҷумҳури Молдова сабти ном шудааст. Раиси комиссиюни парлумонӣ оид ба интихобот Ион Плешка ба хабаргузории Интерфакс иттилоъ дод, ки мӯҳлати пешниҳоди аснод барои ширкат дар интихоботи президентӣ шаби гузашта поён ёфт ва айни ҳол фақат як номзад - Лупу асноди худро ба комиссиюн пешниҳод кардааст.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Молдова дар нишасти парлумон 23 октябр баргузор мешавад. Барои ишғоли курсии раисиҷумҳур Мариан Лупу бояд аз пуштибонии дасти кам 61 вакил бархурдор бошад. Тибқи Қонуни асосии Молдова, агар ду талоши интихоби президент бенатиҷа поён ёбанд, пас парлумон пароканда ва интихоботи нави парлумонӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG