Пайвандҳои дастрасӣ

154000 маҳбуси сиёсӣ дар шаш зиндони Кореяи шимолӣ


Вакили парлумони Кореяи ҷанубӣ Юн Сан Хену гузорише пахш кард, ки тибқи он дар қаламрави Кореяи шимолӣ шаш зиндон барои маҳбусони сиёсӣ амал мекунад ва дар онҳо 154 ҳазор нафар нигаҳ дошта мешаванд. Ба иддаои муаллифи гузориш, маҳбусони сиёсӣ ҳамарӯза даҳ соат кор мекунанд, ғизояшон аз 200 грам биринҷ иборат аст ва онҳо аз хадамоти тиббӣ бархурдор нестанд. Юн Сан Хену хабар додааст, ки дар маҳбасҳои кишвари ҳамсоя ба ҷуз дигарандешон афроде низ ҳастанд, ки мехостанд аз Кореяи Шимолӣ фирор кунанд ваё дар эҳтироми нокофӣ ба мақомоти кишвар айбдор шудаанд.
XS
SM
MD
LG