Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳони артиши Эрон бар асари таркиш


Нуралӣ Шуштарӣ, ҷонишини фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон, бар асари таркиш кушта шуд
Нуралӣ Шуштарӣ, ҷонишини фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон, бар асари таркиш кушта шуд

Бар асари як таркиш дар ҷануби Эрон 29 нафар бо шумули ду фармондеҳи артиши ин кишвар кушта ва ҳудуди 60 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ин инфиҷор субҳи имрӯз, 18-уми октябр, дар минтақаи Сиистон дар ҷануби Эрон ҳангоми ҳамоиши сарони тоифаҳо ва қабилаҳои маҳаллӣ рух додааст. Баъзе аз сарчашмаҳо шумори кушташудагонро на кам аз 20 нафар гуфтаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар байни кушташудагон аз ҷумла Нуралӣ Шуштарӣ - ҷонишини фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ва Раҷаб Алӣ Муҳаммадзода – фармондеҳи сипоҳи вилояти Сиистону Балуҷистон мебошанд, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштаанд.

Хабаргузории расмии Эрон - ИРНА ин ҳодисаро амали маргталабона номидааст ва аз бархе сарчашмаҳо нақл кардааст, ки он тавассути як нафаре анҷом ёфтааст, ки бо худ маводи тарканда доштааст.

Додситони вилояти Сиистону Балуҷистон гуфтааст, ки масъулияти ин амали маргталабонаро гурӯҳи мавсум ба Ҷунбиши муқовимати мардумии Эрон бар уҳда гирифтааст. Қаблан мақомоти Эрон ин гурӯҳро дар даст доштан дар амалиётҳои террористӣ дар минтақаи ҷанубу шарқи ин кишвар айбдор медонистанд.

Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон, ки яке аз фармондеҳони он ҳадафи ин ҳамла қарор гирифтааст, яке аз бахшҳои аслии артиши Эрон аст, ки баъд аз Инқилоби исломӣ дар соли 1979 таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG