Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушнер: "Карзай ва Абдулло барои ҳамкорӣ омодаанд"


Бернард Кушнер, вазири хориҷаи Фаронса, гуфт, ки ҳарду рақиб дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон барои ҳамкорӣ ба хотири берун шудан аз бӯҳрони феълӣ омодаанд. Дар ин бора Кушнер баъд аз музокироташ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва рақиби ӯ дар интихоботи президентӣ Абдулло Абдулло ба хабарнигорон дар Кобул иттилоъ дод. Ба иттилоъи расмӣ, дар интихоботи президентии рӯзи 20 август Казрай беш аз 54 дар сади раъйҳоро соҳиб шудаааст. Ва аммо гуфта мешавад, ки дар ин маъракаи сиёсӣ тақаллубу қонуншиканиҳои зиёде ҷой дошт. Комиссиюни вижаи тафтиши арзу шикоятҳо ҳанӯз кори худро анҷом надодааст ва ин эълони натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳуриро ғайримумкин мегардонад.
Бӯҳрони сиёсии ба вуқӯъпайваста боиси нигаронии сиёсатмадорони ғарбӣ шудааст ва онҳо ин нигарониҳои худро рӯзҳои ахир дар сӯҳбатҳои телефонӣ ба ду номзад дар интихоботи президентии Афғонистон изҳор намуданд.
XS
SM
MD
LG