Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду низомии воломақоми эронӣ дар таркиш


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Пешин, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон, дасти кам 20 нафар, аз ҷумла, ду низомии воломақоми Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ - муовини фармондеҳи нерӯҳои пиёданизом генерал Нуралӣ Шуштарӣ ва фармондеҳи Сипоҳ дар вилояти Сиистону Балуҷистон генерал Муҳаммадзода ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расонаҳои Эрон, як маргталаб худро дар ҳоле инфиҷор кард, ки низомиёни воломақом бо сарони қабилаҳо мулоқот мекарданд. Гуфта мешавад, ки бар асари ин ҳамла чанд тан аз сарони қабоил ҳам ба ҳалокат расиданд. Ҳалокати ду фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро имрӯз раиси Маҷлиси Эрон Алии Лориҷонӣ таъйид кард.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомот ангушт сӯи гурӯҳи Ҷандоллоҳ мекунад, ки аз мухолифони ҳукумати Эрон маҳсуб мешавад. Дар вилояти Сиистону Балуҷистон асосан балуҷҳои суннимазҳаб ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG