Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даргириҳои шадид дар Вазиристони ҷанубӣ


Дар шабонарӯзи аввали амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматии Покистон алайҳи ҷангҷӯёни толиб дар Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, дасти кам 5 сарбоз ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расмӣ, дар задухурдҳо ҳамчунин 11 ҷангҷӯ кушта шуданд.
Амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ рӯзи шанбе шурӯъ шуд ва ба иттилоъи вазорати дифоъи Покистон, дар он беш аз 28 ҳазор афсару сарбози артиш ширкат доранд. Хадамоти кашфи Покистон мегӯяд, ки теъдоди мусаллаҳони толиб дар ин минтақа тақрибан понздаҳ ҳазор нафар аст. Нерӯҳои ҳукуматӣ амалиётро дар чанд самт ва бо истифода аз тупхона ва ҳавопаймоҳои низомӣ идома медиҳанд.
Ҳафтаҳои ахир дар чанд шаҳри Покистон ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифтанд, ки бар асари онҳо беш аз 170 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG