Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин талафот дар амалиёти алайҳи "Толибон"


Дар рӯзи аввали амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматии Покистон дар Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар шимоли кишвар, алайҳи мусаллаҳони “Толибон” 4 сарбоз ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора вазорати дифоъи кишвар хабар дод.
Амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ субҳи рӯзи шанбе шурӯъ шуд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Покистон, дар амалиёт беш аз 28 ҳазор афсару сарбози покистонӣ ширкат доранд. Хадамоти кашфи кишвар мегӯяд, ки теъдоди мусаллаҳони толиб дар ин минтақа тақрибан понздаҳ ҳазор нафар аст.
Қабл аз шурӯъи амалиёти низомӣ мақомот дар мавзеъи Ванои Вазиристони ҷанубӣ қуюди шабгардӣ эълон карданд. Бар асари ҳамлаҳои толибон ба муассисаҳои ҳукуматӣ ва бозору маҳаллаҳои аҳолинишини манотиқи гуногуни Покистон дар чанд рӯзи ахир беш аз 160 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG