Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши ҳамлаи Покистон ба Толибон


Рӯзи 17-уми октябр мақомоти Покистон аз шурӯъи амалиёти густарда алайҳи ҷангҷӯёни толиб дар Вазиристони ҷанубӣ хабар доданд.

Гуфта мешавад, баробари ба мавқеъҳои ҷангҷӯён наздик шудани низомиён тонку зиреҳпӯшҳо ва ҳавопаймову чархболҳои низомӣ ҳам ба ин амалиёт ҳамроҳ шуданд. Тариқ Ҳаёт, як мақоми баландпояи Вазиристони ҷанубӣ, минтақаи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон, дар сӯҳбат бо хабаргузории AFP ҳадаф аз баргузории амалиётро – “аз ҳама гуна афроди бадтинату ҷангҷӯ пок кардани ин мавзеъ” арзёбӣ кардааст.

Ба иттилоъи расмӣ, нерӯҳои пиёданизоми Покистон аз се самт ба қаламрави таҳти назорати раҳбари нави “Толибон”-и Покистон Ҳакималӣ Маъсуд ҳамла карданд. Раҳбари пешини ин ҷунбиш Байтуллоҳ Маъсуд бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ кушта шуда буд. Як мақоми маҳаллӣ хабар дод, ки артиш дар минтақаи Шарвангӣ ба муқобилати ҷангҷӯёни мусаллаҳ бо силоҳи вазнину тупхона шуданд. Вазорати дифоъи Покистон мегӯяд, дар амалиёти густарда дар Вазиристони ҷанубӣ беш аз 28 ҳазор афсару сарбози покистонӣ ширкат доранд, теъдоди толибон дар ин минтақа, ба иттилоъи хадамоти кашфи кишвар, тақрибан 15 ҳазор нафар ҳисоб шудааст.

Амалиёти густардаи низомӣ баъди он шурӯъ шуд, ки мақомот дар бахше аз манотиқи Вазиристони ҷанубӣ қуюди шабгардӣ ҷорӣ карданд. Қабл аз шурӯъи амалиёт бошад мавқеъҳои ошӯбгарон ҳадафи мушакборон ва бомборон қарор гирифтанд ва ин даҳҳо ҳазор сокинони осоиштаро маҷбур сохт, ки аз минтақа фирор кунанд. Яке аз онҳо, Шоҳҷаҳон мегӯяд, “вақте ки ҳавопаймоҳои низомӣ моро бомбборон карданд, мо соати яки шаб фирор кардем. Мо ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ будем, зеро ягон василаи нақлиёт надоштем. Ҳамин тариқ ҳамаи мо ҳамроҳ бо занони кудакон маҷбур шудем, ки пиёда аз тариқи ҷангал фирор кунем”.

Амалиёт алайҳи ҷангҷӯён баъди аз ду ҳафтаи воқеъан фоҷиабор барои Покистон сурат мегирад. Бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар мавзеъҳои гуногуни кишвар беш аз 160 нафар ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо – фишор ба ҳукумат ба хотири худдорӣ аз шурӯъи амалиёти густардаи артиш алайҳи ҷангҷӯёни толиб буд. Ва аммо мақомоти Покистон, аз ҷумла, вазири умури дохилаи кишвар Раҳмон Малик эълом доштанд, ки ин ҳамлаҳо дар роҳи амалиёти густарда алайҳи ошубгарон дар Вазиристони ҷанубӣ монеъа эҷод нахоҳад кард.

Баъд аз ҳамлаҳои маргбори ду рӯзи пеш дар бозору маҳаллаҳои зист ва алайҳи идораҳои полис дар шаҳрҳои Пешовар, Исломобод ва Лоҳур, ки бар асари онҳо дасти кам 30 нафар ба ҳалокат расиданд, раҳбарони сиёсӣ ва низомии Покистон сари гуфтугӯи ҷиддие нишастанд. Дар як изҳороти ҳукуматӣ, ки ба думболи ин нишаст шоми дирӯз пахш гардид, ба “таҳдиди бузурги гурӯҳҳои ҷангҷӯ ба истиқлолу якпорчагии давлат” ишора шудааст. Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳамаи покистониҳо дар мавриди аз беху бун баркандани ифротгароӣ ва ҷангҷӯӣ назари воҳид доранд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон ба пирӯзии амалиёти густардаи артиш дар Вазиристони ҷанубӣ шубҳа доранд. Аз нигоҳи онҳо, бартарии нерӯҳои ҳукуматӣ – кафолати дастболо шудан дар ин набарди сангин нест, ба вижа, ки толибон роҳу пайраҳаҳои ин минтақаи кӯҳиро хубтар медонанд ва дар задухурдҳо дар чунин манотиқ назар ба низомиёни ҳукуматӣ таҷрибаи бештар доранд. Коршиносон ҳамчунин ба амалиёти пешини артиш дар водии Свот ишора мекунанд, ки ҳарчанд низомиёни ҳукуматӣ аз пирӯзии комил аз болои ҷангҷӯён хабар додаанд, аммо дар ин минтақа то ҳол амнияти комил таъмин нашудааст.
XS
SM
MD
LG