Пайвандҳои дастрасӣ

Анвар Қаюмов ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи вилояти Суғд як сокини вилоятро бо иттиҳоми узвият дар Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ба ҳабси абад маҳкум кард.

Баррасии парвандаи Анвар Қаюмов, сокини ноҳияи Исфара, ва гурӯҳи 5-нафараи ӯ, тақрибан ду моҳ давом кард. Аъзои дигари гурӯҳи Анвар Қаюмов барои аз 7 то 11 солӣ ба зиндон равона мешаванд.

Тафтишоти додгоҳӣ раҳбари гурӯҳи 6–нафарии мансуб ба ҲИУ дар Исфара Анвар Қаюмовро ба қатлу куштори 8 нафар ва сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷони 3 тани дигар дигар айбдор меҳисобад, ки ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара, дар аввал ва миёнаҳои соли 2007, сӯиқасд ба ҷони Низом Ҷӯраев, як соҳибкори маъруфи ин маҳал, дар ин қаторанд.

Ҳамчунин, 5 шарики вай мутобиқи бандҳои асноди ҷиноии Тоҷикистон дар содири як идда ҷиноёти вазнини фаъолият дар созмони ғайриқонунии ҲИУ, таъсиси иттиҳоди ҷиноятӣ ва иштирок дар он, дуздии силоҳи оташфишон, таҳия ва истифодаи асноди сохта аз рӯи Асноди ҷиноии Тоҷикистон айбдор ҳисобида шудаанд.

Анвар Қаюмов дар поёни моҳи декабри соли гузашта дар Афғонистон боздошт ва бо тақозои ҷониби Тоҷикистон ба ин кишвар истирдод шуда буд.
XS
SM
MD
LG