Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 30 нафар аз таркиш дар корхонаи оташбозӣ


Дар аёлати Тамил-Наду, воқеъ дар ҷануби Ҳиндустон, бар асари таркиш дар корхонаи тавлидоти оташбозӣ дасти кам 30 нафар ба ҳалокат расиданд. Таркиш шоми ҷумъа дар ҳоле рух дод, ки даҳҳо нафар дар дукони корхона дар деҳаи Пиллипатту барои “ҷашнвораи оташ” масолеҳи оташбозӣ харидорӣ мекарданд. Тафтиши сабабҳои ҳодиса шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG