Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Черкизово боз мешавад ва тоҷикон ба он ҷо бармегарданд?


15-уми октябр аз замони бастани бозори Черкизовои Маскав 90 рӯз гузашт. Шаҳрдории Маскав тасмим гирифта буд, ки ин бозорро барои риоят нашудани муқаррароти беҳдоштӣ, қонунҳои муҳоҷират ва риоят накардани қоидаҳои оташнишонӣ 90 рӯз бибандад.

Марат, яке аз соҳибкорони бозори Черкизово дар ин бора ба мо чунин гуфт:
"Тасмими додгоҳ дар бораи мутаваққиф сохтани фаъолияти ин бозор ба мӯҳлати 90 рӯз ба таври расмӣ ба поён расид. Ин мӯҳлатро тамдид накардаанд. Тасмим ин буд, ки камбудиҳои ифшошудаи бозор, яъне ҳолати беҳдоштӣ, молҳои қочоқӣ бартараф шаванд, қарор ҳамин тавр буд ва гурӯҳи муфаттишон ҳам кор карданд, дар он сурат бояд бозор рӯзи панҷшанбе боз мешуд. Дирӯз, 14-уми октябр мӯҳлати 90-рӯза ба поён расид".

Бо хатми мӯҳлати пешбинишуда, беш аз 100 нафар дар назди бозор ҷамъ шуданд ва умед доштанд, ки онҳоро ба бозор роҳ медиҳанд, вале кормандони пулис ба баҳонаи ин ки онҳо талош доранд аз роҳи зӯр вориди бозор шаванд, онҳоро боздошт ва ба дафтари пулис интиқол доданд.

Дар ин ҷо беш аз 15 ҳазор нафар тоҷикон қонунӣ ва ғайриқонунӣ кор мекарданд. Дар миёни онҳо аз рӯбандаву аробакаш гирифта, то тоҷирони молдор низ буданд. Саид Боев, тоҷири муваффақи тоҷик яке аз онҳост. Вай дар бораи гирдиҳамоии тоҷирони бозор ба радиои Озодӣ гуфт, дар миёни онҳо муҳоҷирон ё тоҷирони тоҷик набудаанд:
"Онҳо мисли митинг карда буданд. Онҳо қасдан даромадан намехостанд. 90 рӯз гузашт, барои ҳамин ҷамъ шуданд. Онҳо ҳамаашон шаҳрвандони Русия буданд. Барои боз кардани розничний бозор. Аз мо касе набуд. Шаҳрвандони Русия ҷамъ шуда буданд".

Саид Боев афзуд, афроди боздоштшуда танҳо барои тафтиш ба шӯъбаи пулис бурда шудаанд. Маҳмадназар, тоҷири дигар, ки аз ҳамин бозор бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, ҳадс мезанад, ки мумкин аст қисме аз ин бозор боз шавад:
"Ман ҳозир ба ҳамин бозор омадаам. Ба фикрам, ягон асос надоранд. Овоза буд, ки як қисми АСТ боз мешавад. Ман ҳоло дар пеши як бригадирам, ки ҳамроҳаш шаш сол кор мекардам. Вай мегӯяд, ки рӯзҳои оянда маълум мешавад".

Черкизово аз 7 бозори мухталиф иборат аст ва дар як минтақа ҷойгир аст. Яке аз ин бозорҳо бо номи АСТ машҳур аст ва дар он ҷо аслан русҳо ё шаҳрвандони Русия машғули тиҷорат буданд. Мусоҳибони радиои Озодӣ мегӯянд, имкони дубора боз шудани танҳо ҳамин бозор вуҷуд дорад, зеро он дар дохили сохтмони то андозае муҷаҳҳаз бо хадамоти зарурӣ ҷойгир аст.

Аммо дар матбуоти Русия ин хабарҳо низ ба чашм мехӯрад, ки як моҳи пеш комиссияи вижаи шаҳрдорӣ ба раҳбарии Юрий Лужков, шаҳрдори Маскав, дар бораи комилан бастани ҳамаи бозори Черкизово тасмими ниҳоӣ гирифтааст. Ба гуфтаи Марат, соҳибкори ин бозор, ки дар чанд мағозаи ин бозор молҳояшро ба муштариён пешкаш мекард, тоҷирону соҳибкорон то моҳи сентябр молу колои худро аз бозор бароварда буданд:
"Дар охири август ва аввали сентябр берун овардани молу коло ба поён расид. Усулан тахлияи бозор қатъ шуд. Мардумеро, ки дар он ҷо ба таври расмӣ ё ғайрирасмӣ кор мекарданд, дар дохили бозор нигоҳ намедоштанд. Ман инро дақиқ медонам".

Марат мегӯяд, дар бораи шумораи кормандону коргарони бозор маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Вале дар он ҷо миллатҳои гуногун кор мекарданд:
"Аслан чиноиҳо умдафурӯшӣ мекарданд. вйетнамиҳо буданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон ва амсоли он буданд. Албатта, шаҳрвандони Русия низ аз вилоятҳои мухталиф буданд. 7 бозор буд. Бо назардошти шмораи мағозаҳо метавон тахмин кард, ки тақрибан 100 ҳазор нафар дар бозор кор мекарданд".

Тоҷирони тоҷик мегӯянд, онҳо умед надоранд, ки дубора ба бозори Черкизово баргарданд. Шуморе аз онҳо дар Маскав ё ба корҳои сохтмон рафтаанд ё дар бозорҳои дигари шаҳр ва атрофи он барои худ кор пайдо кардаанд. Шуморе дигар ё ба ватан багаштаанд ё дар ҷустуҷи кор ба ба қасди шаҳрҳои дигари Русия Маскавро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG