Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои аҳзоб ба интихоботи порлумонӣ


Омодагиҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аҳзоби сиёсии кишварро водор кардааст, ки аз худ бештар дарак диҳанд.

Сӯҳбат ва изҳори назарҳои масъулони аҳзоб дар расонаҳо дар робита ба ин маърака аз он шаҳодат медиҳад, ки ин бор ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ нияти таҳрим ва ё мухолифат бо интихоботро надорад, балки таъкидҳои бештар рӯи имкони ширкат ва шонсҳои пирӯзӣ дар ин интихобот мешавад.

Дар ҳоли ҳозир бештари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мутмаинанд, ки садд ё меъёри панҷдарсадии роҳёбӣ ба маҷлисро убур хоҳанд кард ва намояндагони онҳо вориди порлумони ҷадиди кишвар хоҳанд шуд. Барои мисол ҲИИТ, ки дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҷавонтарин ҳизби сиёсӣ ба ҳисоб рафта ва аз аҳзоби ҳаводори ҳукумат гуфта мешавад, мӯътақид аст, ки ҳадди ақал ҳафт дарсад аз орои интихобкунандаҳоро соҳиб хоҳад шуд.

Олим Бобоев, раиси ҲИИТ, мегӯяд, дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯ ба унвони номзади ин ҳизб вориди мубориза шуд, ҳамин миқдор раъйи мардумро ба даст овард. Аз ин рӯ дар интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон ин шумораи овозҳоро хоҳад гирифт.

Аммо ба фарқ аз ҲИИТ масъулони ҲСДТ, ки аз аҳзоби мухолифи давлат шинохта шудааст, мегӯянд, онҳо ҳатто дар интихоботи гузаштаи соли 2005 садди панҷдарсадии вуруд ба порлумонро фатҳ карда буданд. Аммо интихобот тавре ҷамъбаст шуд, ки ин ҳизб натавонист вориди Маҷлиси Намояндагон шавад.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, дар интихоботи навбатӣ шонси сосиал-демократҳо бештар шуда ва имкон дорад ҳам аз тариқи феҳристи ҳизбӣ ва ҳам аз ҳавзаҳои инфиродӣ номзадҳои худро вориди Маҷлиси Намояндагон кунанд. Оқои Зоиров бовар дорад, ки 15 дарсад аз орои интихобкунандаҳоро дар интихоботи қарибулвуқӯи порлумонӣ ҳизби ӯ касб хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Давлатзода, ҷонишини аввали раиси ҲХДТ - ҳизбе, ки имрӯз аксарияти курсиҳои Маҷлиси Намояндагонро дар ихтиёр дорад, мегӯяд, ҳизб барои иштирок дар ин маърака ба таври хеле ҷиддӣ тайёрӣ дидааст. Оқои Давлатзода гуфт, ки ҲХДТ тасмим гирифтааст, дар қадами аввал мавқеи имрӯзаи худ дар маҷлисро ҳифз кунад, вале талошҳо барои тақвияти ин мавқеъ бештар хоҳад шуд.

Бад-ин манзур масъалаи пирӯзии назаррас дар интихоботи навбатии порлумонӣ ба яке аз аҳдофи асосии ҳизби ҲХДТ табдил шуда ва тайи ду соли ахир ҳизб дар кори худ ин мавзӯъро дар ҷойи аввал гузоштааст:

ҲНИТ - танҳо созмони сиёсии мазҳабии расмӣ дар кишварҳои Муштаракулманофеъ дар ду навбати интихоботи пешини Тоҷикистон тавониста буд ду номзади худро ба Маҷлиси Намояндагон ворид кунад. Аммо ҳоло раиси ҲНИТ мегӯяд, ки ҳадафи ширкати онҳо аз ин интихобот ташкили як фраксиюн дар маҷлис аст. Оқои Кабирӣ мутмаин аст, ки беш аз сӣ дарсади орои мардумро ҳизби зери раҳбарии ӯ дар ин интихобот ба даст хоҳад овард.

Аммо коршиносон ва таҳлилгарони умури сиёсӣ имконот ва шонси пирӯзии аҳзоб дар интихоботи порлумонии кишварро чи гуна арзёбӣ мекунанд?

Сайфулло Сафаров, коршиноси тоҷик, мегӯяд, бештари мардуми тоҷик ба аҳзоб на барои барнома ва шиорҳои интихоботии онҳо, балки ба чеҳраҳо ва шахсиятҳои маъруфи онҳо овоз медиҳанд. Оқои Сафаров гуфт, ки ҲХДТ ба он хотир дар интихоботҳо баранда мешавад, ки мардум ба раиси он Эмомалӣ Раҳмон раъй медиҳад.

Аз сӯи дигар, мегӯяд ин коршиноси тоҷик, дар интихоботи ояндаи порлумонӣ шонси ҳизбҳое, ки то имрӯз вориди порлумон нашудаанд, низ кам нест. Вале то куҷо аҳзоб аз имкон ва шонсҳои худ истифода мебаранд, ба фаъолияти муассири худи онҳо вобаста аст.

Ба ин тартиб, ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии кишвар - ҲХДТ, ҲК, ҲНИТ, ҲДТ, ҲСДТ, ҲСТ, ҲИИТ ва ҲАТ - дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон, ки қарор аст моҳи феврали соли 2010 баргузор шавад, иштирок хоҳанд кард. Ширкат дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон тавассути ҳавзаҳои умумӣ яъне аз тариқи феҳристи ҳизбӣ ва ҳамчунин аз ҳавзаҳои якмандатӣ ё инфиродӣ сурат мегирад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ниҳоди доимист ва аз 63 вакил иборат аст. 22 вакил аз тариқи ҳавзаҳои умумӣ ва 41 вакил аз ҳавзаҳои инфиродӣ интихоб хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG